Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши ғайрирасмии ИДМ иштирок намуд

    Ҳукумат 29 Dekabr 2021 7798

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 декабр дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси Президенти Русия Владимир Путин дар Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд.

    Дар ҷамъомад инчунин Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Нахустин Президенти Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок намуданд.

    Ҳамкориҳои соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, муҳимтарин вазифаҳои соли 2022 муҳокима гардиданд. Дар заминаи масъалаҳои муҳими мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ табодули афкор ба вуқӯъ пайваст.

    Ба масъалаҳои идома додани ҳамкории зич дар бартараф намудани оқибатҳои пандемия ва таъмини бехатарии эпидемиологӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.

    Сарвари давлатамон дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ИДМ сухан ронда, пешниҳод намуд, ки ба ҳамкориҳо дар се самт: сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

    Аҳамияти ташаккули минтақаи комилан озоди савдо ва мустаҳкам намудани вобастагии нақлиётӣ дар фазои ИДМ таъкид ёфт.

    Эътибори иштирокдорон ба ногузирии муттаҳид намудани ҳаракатҳо дар татбиқи барномаҳои миллӣ ва стратегияҳое, ки ба рушди босуботи «сабз» нигаронда шудааст, бо назардошти мавзӯи иқлими ҷаҳонӣ ҷалб карда шуд.

    Аҳамияти таҳияи бархурдҳои нав нисбати масъалаҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ, дар ҳоли истифода бурдан аз афзалиятҳои рағобатпазир ва якдигарро пурра намудани иқтисодиёт таъкид ёфт.

    Таъкид бояд кард, ки солҳои охир Ӯзбекистон иштироки худро дар фаъолияти Иттиҳод фаъол намуд. Ӯзбекистон беш аз 40 шартномаи бисёрҷонибаро ба имзо расонд ва ба 23 мақомоти соҳавӣ ҳамроҳ гардид. Соли гузашта мамлакатамон бори аввал дар ИДМ раисӣ намуд.

    Соли 2021 табодули моли Ӯзбекистон бо мамлакатҳои Иттиҳод сеяк баробар афзуда, қариб 1 ҳазор корхонаи муштарак ба вуҷуд оварда шуд.

    Дар поёни нутқи худ роҳбари давлатамон бори дигар моилии қатъии Ӯзбекистонро ба рушди ҳамкории пурра дар доираи ИДМ собит намуд ва иштирокдорони ҷамъомад ва дар шахси онҳо халқҳои дӯстро бо фарорасии Соли нав табрик намуд.

    Бо ҳамин ташрифи кории Президент Шавкат Мирзиёев ба Санкт-Петербург ба итмом расид, роҳбари давлат ба Тошканд баргашт.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates