Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон бо ҳайати Арабистони Саудӣ масъалаҳои фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоидро ба зиёратчиёни мо баррасӣ намуд

    Ҳукумат 29 Sentabr 2022 4970

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 сентябр ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудиро таҳти сарварии вазири оид ба корҳои ҳаҷ ва умра Тавфиқ бин Фавзан ал-Робия қабул кард.

    Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи ташкили барномаҳои зиёратӣ ва зиёрати муқаддасҷойҳои олами мусулмон, аз ҷумла фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид ва бароҳат барои будубоши шаҳрвандони мо дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд.

    Дар оғози мулоқот вазири корҳои ҳаҷ ва умра ба Сарвари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Ходими ду масҷид, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Ол Сауд ва Валиаҳд, Сарвазири кишвар Муҳаммад бин Салмон Ол Саудро расонд.

    Махсусан зикр гардид, ки сафари кунунии ҳайати Арабистони Саудӣ дар рушди тавофуқоти сатҳи олӣ, ки дар ҷараёни сафари давлатии таърихӣ ба Арабистони Саудӣ моҳи августи соли равон ҳосил шуда буд, сурат мегирад.

    Дар рафти суҳбат дар бораи ду баробар – то соле 24 ҳазор, инчунин умра – то 100 ҳазор зиёратчиён зиёд гардондани квота барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ҷиҳати анҷом додани амалҳои ҳаҷ мувофиқа ҳосил шуд.

    Инчунин масъалаҳои мусоидат ба татбиқи амалии лоиҳаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадам ба соҳаи рақамигардонӣ, афзун кардани шумораи сайёҳони Арабистони Саудӣ ба Ӯзбекистон бо дарназардошти тартиби мавҷудаи бераводид, ба роҳ мондани равобити шарикӣ байни марказҳои пешбари илмию тадқиқотии ду кишвар баррасӣ шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates