Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар сессияи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

    Муҳтарам, хонуми раис! Муҳтарам, ҷаноби Дабири кулл! Ҳайатҳои намояндагон! Хонумон ва ҷанобон!

    Хурсандам, ки Шуморо бо сессияи 80-умин – анҷумани ҷашнии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям.

    Ҷамъомади имрӯзаи мо дар вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ, ки бошиддат тағйир меёбад, баргузор мегардад. Ин вазъ моро водор месозад, то ба фаъолияти Созмон ва ояндаи он бо назари нав назар андозем.

    Имрӯзҳо дар ҷаҳон мақом ва нақши ниҳодҳои байналмилалӣ заиф шуда, зиддият, низоъ ва ҷангҳо пурзӯр мешаванд, нобаробарии технологӣ ва иҷтимоӣ босуръат меафзояд, буҳронҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ зиёд мешаванд. Ин ҳама воқеияти комилан нав, ташвишовари геосиёсиро ба вуҷуд меоваранд.

    Мо саъю кӯшиши Дабири кулл, Ҷаноби Олӣ Антониу Гутерришро ҷиҳати ҳамчун платформаи асосӣ нигоҳ доштани Созмон дар ҳалли бомуросои масъалаҳои бениҳоят мушкил ва пуршиддати ҷаҳонӣ эътироф менамоем.

    Дар ин самт, ташаббусҳои “СММ-80”-ро комилан дастгирӣ менамоем, садоқатмандии қатъии худро ба Пакт барои Оянда тасдиқ мекунем.

    Мо барои муборизаи босамар бар зидди таҳдидҳои муосир, ҳимояи манфиатҳои кишварҳои рушдёбанда, ҷонибдори трансформатсияи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва густариши ҳайати он ҳастем.

    Муҳтарам, иштирокдорони сессия!

    Мо дар ҳамоҳангӣ бо Мақсадҳои рушди устувор, сиёсати бунёди Ӯзбекистони Нави демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳониро пеш мебарем. Барои ин ислоҳоти бозгаштнопазири худро пайваста идома медиҳем.

    Мақсади устувори мо – куллан тағйир додани ҳаёти ҳар як оила, ҳар як шаҳрванде, ки дар мамлакат умр ба сар мебаранд, афзунсозии қадр ва некӯаҳволии инсонҳо мебошад.

    Солҳои охир мо тавонистем, ки сатҳи камбизоатиро аз 35 фоиз то 6,6 фоиз коҳиш диҳем. Ба ин албатта, пеш аз ҳама тавассути тағйир додани соҳаи таълим ва илму фан, созмони шабакаҳои инноватсионӣ ва бунёди корхонаҳои саноати технологӣ, навсозии инфрасохтори энергетикаи “сабз” ва нақлиёт, рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати хурд ва дар натиҷа таъсиси миллионҳо ҷойҳои корӣ ноил мегардем.

    Дар мамлакат сатҳи фарогирии таълими томактабӣ аз 27 фоиз то 78 фоиз афзуд, фарогирии ҷавонон бо таҳсилоти олӣ аз 9 фоиз ба 42 фоиз расид. Муҳимтар аз ҳама, ба баланд бардоштани эътибор ва нуфузи касби омӯзгорӣ ва устодӣ ҳамчун масъалаи ҳалкунанда аҳамият медиҳем.

    Бо мақсади созмони платформаи ягона барои мубодилаи таҷриба ва дониш миёни омӯзгорон пешниҳод мекунем, ки дар Ӯзбекистон Саммити ҷаҳонии таълими касбӣ баргузор шавад.

    Инчунин, мо дар мамлакат системаи пешрафтаи тандурустиро созмон медиҳем. Пагоҳ дар қароргоҳи асосии Созмони Милали Муттаҳид таҳти ташаббуси мо бахшида ба мубориза бо саратони кӯдакон ва бемориҳои вазнин чорабинии сатҳи баланд баргузор мегардад. Мо ҳамаи ҳамкорони хориҷиро ба он даъват менамоем.

    Боз як самти муҳим – сиёсати гендерӣ. Пеши худ мақсад гузоштаем, ки минбаъд низ нақши зану духтаронро дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва соҳибкории мамлакат мустаҳкам менамоем. Дар сатҳи минтақаи васеъ, Форуми зан ва духтарони Осиёро ба платформаи доимӣ табдил дода, ҷонибдори мунтазам баргузор намудани он ҳастем.

    Мехоҳам боз як бор таъкид намоям: мо ба маҷбуриятҳое, ки дар роҳи ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди устувор дорем, содиқем. Ният дорем, ки ба соли 2030 рафта, ба қатори давлатҳои “даромадаш аз миёна болотар” дохил шавем.

    Бо ҳамин мақсад, сиёсати кушод ва прагматикии худро идома медиҳем.

    Муҳтарам, хонумон ва ҷанобон!

    Мо аз ин 8 сол муқаддам аз ин минбари баланд эълон карда будем, ки мо қатъиян қарор дорем, то Осиёи Марказиро ба макони сулҳ, ҳамсоягии нек ва шарикӣ табдил диҳем.

    Имрӯз бо қаноатмандии амиқ метавон таъкид намуд: мо ба ин мақсади стратегӣ расидем. Сарҳадҳои баста, баҳс ва ихтилофҳои ҳалнашуда дар таърих монданд.

    Солҳои охир дар минтақа ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ, сармоягузориҳо ва интиқоли нақлиётӣ то панҷ баробар афзуд. Мо фондҳои муштараки сармоягузорӣ, дар ҳудудҳои марзӣ минтақаҳои савдо ва саноатиро ташкил медиҳем, лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро амалӣ месозем.

    Мулоқотҳои маслиҳатии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ дар роҳи амиқсозии интегратсияи минтақавӣ ба механизми самарабахше табдил ёфт, ки инро метавон чун дастоварди умумӣ эътироф кард.

    Ин нуктаро метавонам бо боварии комил гӯям, ки имрӯз раванди ташаккули Осиёи Марказии нав оғоз ёфтааст.

    Минтақа бо ҳамҷиҳатӣ, субот ва махсусияти худ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти алоҳида торафт мақоми мустаҳкам касб мекунад.

    Барои расидан ба ҳадафҳоямон асосан ба густариши муносибатҳои байниҳамдигарии манфиатдор бо ҳамаи шарикони хориҷӣ диққат медиҳем. Дар ин самт, мо пешниҳод менамоем, ки бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид як қатор лоиҳа ва барномаҳои нави минтақавиро амалӣ намоем.

    Аз ҷумла, ташаббусҳоро ҷиҳати гузаронидани форуми байналмилалӣ бо шафоати ЭКОСОС ва ЮНКТАД бахшида ба масъалаҳои рушди иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъсиси ҳаби минтақавии технологияи “сабз” дар саноат бо ҳамкории ЮНИДО, қабули барномаҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъсиси макони “сабз”, инчунин, расидан ба суботи демографӣ пешбарӣ менамоем.

    Ҳамзамон, қабули резолютсияи Маҷмаи Умумиро оид ба дастгирии ҳаракатҳое, ки ба амиқсозии шарикии минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, пешниҳод менамоем.

    Муҳтарам, роҳбарони ҳайатҳо!

    Вақте дар бораи амнияти глобаливу минтақавӣ ва рушди устувор ҳарф мезанем, албатта, бояд дар бораи Афғонистон низ ҳарф занем.

    Барои дастгирии талошҳои халқи афғон ба зиндагии орому осуда зарур аст, ки саъю ҳаракатҳои ҷомеаи ҷаҳонро муттаҳид созем. Мехоҳам ҳаминро алоҳида таъкид намоям, роҳ надодан барои ҷудо мондани ин давлат хеле муҳим аст.

    Мо мехоҳем дар Афғонистон лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ва инфрасохториро амалӣ намоем. Барои рушди даҳлезҳои байналмилалии нақлиёт ва энергетикӣ тавассути ин мамлакат пешниҳод менамоем, ки Созмони мо резолютсияи алоҳидаро қабул намояд.

    Бӯҳрони башардӯстонаро дар Навори Ғазза, ки бошиддат бад мешавад, наметавон нодида гирифт. Мо даъват мекунем, ки амалиёти ҳарбӣ қатъ гардида, музокироти сиёсӣ идома ёбанд. Мо тибқи резолютсияҳои СММ қатъиян ҷонибдори татбиқи тамоюли “барои ду халқ – ду давлат” ҳастем.

    Вазъият дар атрофи Украина низ ҳамаи моро ба ташвиши ҷиддӣ меорад. Мо оғозёбии музокироти сатҳи олиро барои ҳалли ин мушкил бо роҳи дипломатӣ истиқбол менамоем.

    Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!

    Дар Осиёи Марказӣ оид ба иҷрои Стратегияи ҷаҳонии муқовимат ба терроризм корҳои босамар анҷом дода мешаванд. Бо ҳамкорӣ бо Садорати мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид Шӯрои минтақавӣ оид ба масъалаҳои реабилитатсия ва интегратсияи афрод таъсис ёфтааст. Мо пешниҳод мекунем, ки он ба Маркази байналмилалии ваколатҳо табдил ёбад.

    Ин сохтор барои мубодилаи таҷриба ҷиҳати ба ҳаёти осоишта мутобиқ намудани шахсоне, ки аз минтақаҳои мушкил баргардонида шудаанд, чун платформаи муҳим хидмат хоҳад кард.

    Ғайр аз ин, мо омодаем, ки барои ифтитоҳи идораи минтақавии Садорати мубориза бо терроризми СММ дар Ӯзбекистон шароит муҳайё намоем.

    Муҳтарам, хонумон ва ҷанобон!

    Дар ҷаҳони имрӯза, ки пур аз таҳдид аст, то чӣ андоза заиф будани низоми глобалии нақлиётро идрок менамоем. Ин мушкилот, дар навбати аввал ба барқарории давлатҳои рушдёбандае, ки имкони ба уқёнусҳо баромаданро надоранд, таъсири манфӣ мерасонад.

    Таъмини амнияти даҳлезҳои байналмилалии транзитӣ ва созмони занҷирҳои самараноки логистикӣ хеле муҳим аст. Фикр мекунем, ки дар ин ҷода вақти ҷорӣ кардани механизми глобалӣ барои “Мустаҳкам намудани ҳамбастагии нақлиётӣ барои ҳадафҳои рушди устувор” фаро расидааст.

    Инчунин, мехоҳам ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, ки торафт ранги ҷиддӣ мегирад, таваққуф намоям. Аз ҷумла, оқибатҳои манфии хушкшавии баҳри Арал бояд ҳамеша дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Мо корҳоро ҷиҳати барқарорсозии экосистемаи соҳили Арал муттасил идома медиҳем.

    Дар солҳои охир дар қаъри хушкидаи баҳр дар масоҳати 2 миллион гектар растаниҳои биёбонӣ, ки ба шӯрӣ тобоваранд, шинонида шудаанд. То соли 2030 дар 80 фоизи ин ҳудуд қабати сабз ҳосил хоҳад шуд.

    Боз як мушкилоти муҳим – ин норасоии захираи об аст. Ҳоло зиёда аз 2 миллиард аҳолии ҷаҳон имконияти истифода аз оби тозаи ошомиданиро надоранд.

    Мо нақша дорем, ки дар мамлакат форуми ҷаҳонӣ оид ба сарфаи обро гузаронем. Тибқи натиҷаҳои ин конфронс бояд буҳрони об ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба рушди устувор муайян карда шавад. Ният дорем, ки дар ин самт барои ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ дар сатҳи глобалӣ “харитаи роҳ” таҳия ва қабул гардад.

    Боз як нишонаи манфии тағйирёбии экологӣ – пурзӯр шудани муҳоҷирати иқлимӣ мебошад. Афсӯс, ки то ҳол дар ин самт механизмҳои муайяни байналмилалӣ ва пойгоҳи амиқи ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд. Мо дар ин масъала ҷонибдори қабул шудани Пакти глобалӣ оид ба ҳамкории васеи байналмилалӣ ва сиёсати мувофиқшуда ҳастем.

    Муҳтарам, иштирокдорони ҷамъомад!

    Пешгирии нобаробарӣ дар байни мамлакатҳо ҷиҳати истифода аз рушди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аҳамияти калон дорад.

    Аз ин рӯ, барои мубодилаи беғаразонаи замима ва моделҳои амалии зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, таълим ва фарҳанг, пешниҳод мекунем, ки Механизми байналмилалии ҳамкорӣ созмон дода шавад.

    Мехоҳам, боз як масъалаи афзалиятдорро таъкид намоям.

    Фардои мо, тақдир ва фаровонии ҷаҳон дар дасти насли ҷавонест, ки ба камол мерасанд. Дар дил ва шуури ҷавононамон ҷой додани ғояҳои олиҷанобе чун сулҳ, инсондӯстӣ ва рафоқат, эътимод ва эҳтироми байниҳамдигарӣ вазифаи муҳими мост.

    Дар ин бобат пешниҳод мекунем, ки Ҳаракати ҷаҳонии ҷавонон барои сулҳ таъсис дода шавад ва қароргоҳи он дар Ӯзбекистон ҷойгир гардад. Мо сиёсати таҳаммулпазириро дар ҷомеа ба таври мунтазам татбиқ менамоем.

    Ҳамзамон, кӯшишҳои худро бобати амиқ омӯхтани ғояҳои маърифати исломӣ ва тарғиби онҳо дар ҷаҳон фаъол идома медиҳем. Дар моҳҳои наздик Маркази тамаддуни исломиро, ки барои минтақаи васеъ дурдонаи нодир аст, ифтитоҳ менамоем.

    Мо ният дорем, ки тақдимоти алоҳидаи мероси ғании маънавӣ ва илмии ниёи бузургамон – мутафаккиру донишмандон Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотурудиро дар Созмони Милали Муттаҳид гузаронем.

    Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!

    Ӯзбекистони Нав ҷонибдори ҳамҷиҳатӣ, гуфтугӯи ошкоро ва ҳамкории наздик бо ҳамаи давлатҳо мебошад. Мо ҳамеша омодаем, ки дар роҳи мустаҳкамсозии мулоқоти байни халқ, фарҳанг ва тамаддунҳо, иҷро намудани мақсадҳои умумибашарӣ саҳми худро ҳамроҳ намоем.

    Барои эътиборатон ташаккур.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates