Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар чорабиниҳои ҳамоиши ҷашнии СҲШ дар Душанбе иштирок мекунад

    Ҳукумат 15 Sentabr 2021 3865

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 16-17 сентябр дар чорабиниҳои ҷамъомади ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунад.

    Дар кори ҳамоиш, ки таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон баргузор мегардад, иштироки раҳбарони кишварҳои узви СҲШ - Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

    Давлатҳои нозири назди Созмонро президентҳои Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон намояндагӣ мекунанд. Сарвари Туркманистон ҳамчун меҳмони фахрии ҷаласа даъват карда шудааст.

    Дар чорабинӣ инчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи СҲШ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.

    Мувофиқи рӯзнома иштирокчиён натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар 20 соли охирро баррасӣ мекунанд, вазифаҳои таъхирнопазири ҳамкориҳои бисёрҷонибаро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Ҳамчунин доир ба сиёсати ҷаҳонӣ ва рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

    Дар назар аст, ки дар поёни ҳамоиш Эъломияи Душанбе қабул шавад, қарорҳои сарони давлатҳо ва дигар санадҳои бисёрҷониба оид ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи Созмон ба имзо расанд. Воқеаи муҳим гузариши раисии ШҲТ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон хоҳад буд.

    Ба ғайр аз ин, барномаи Президенти кишвари мо як қатор гуфтушунидҳои дуҷониба бо сарони кишварҳои шарик, инчунин иштирок дар вохӯрӣ дар формати “СҲШ-СААД” оид ба вазъи Афғонистонро дар бар мегирад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates