Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  котиби генералии Шӯрои туркиро пазируфт

    Ҳукумат 11 Noyabr 2021 3657

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев баъд аз омадан ба  Истанбул дар қароргоҳи барояш ҷудошуда котиби генералии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон Бағдод Амреевро қабул кард.

    Масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ шуданд.

    Инкишофи босуръати муколамаи конструктивӣ ва вусъати хамкории амалии байни давлатҳои аъзои Шӯро бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Инак, дар тӯли солҳои охир гардиши моли кишвари мо бо мамлакатҳои Шӯрои туркӣ ду баробар афзуда, миқдори корхонаҳои муштарак ва лоиҳаҳо ба 4 ҳазор адад наздик шуд.

    Соли равон дар мамлакатамон як қатор чорабиниҳои муҳими Созмон - мулоқоти вазирони фарҳанг дар Хива ва вазирони сайёҳӣ дар Қӯқанд, форуми ҷавонон дар Тошканд ва ғайра гузаронда шуданд.

    Раҳбари Ӯзбекистон аҳамияти самарабахш истифода бурдан аз платформаи Шӯроро барои пешбурди лоиҳа ва барномаҳои муҳими таъмини субот ва шукуфоии тамоми минтақа таъкид кард.

    Дар мулоқот котиби генералӣ Бағдод Амреев ба сарвари давлатамон дар бораи омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистода, масъалаҳои рӯзнома ва барномаи чорабинӣ маълумот дод.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates