Аз рӯзномаи ҷаласаи ояндаи сатҳи олӣ масъалаҳои густариши робитаҳои бисёрҷанба дар доираи Шӯро, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, «иқтисоди сабз», технологияҳои рақамӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, инчунин табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ ҷой гирифтаанд. Масъалаҳои такмили минбаъдаи фаъолияти ташкилот низ баррасӣ мешаванд.
Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш қабули ҳуҷҷатҳои муштарак, ки ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ ва амиқсозии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самтҳои афзалиятнок нигаронда шудаанд, дар назар аст.
Дар барномаи сафари сарвари давлатамон як қатор мулоқотҳои дуҷониба дар шаҳри Истамбул низ пешбинӣ шудааст.
Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон соли 2009 ба мақсади мусоидат ба равобити ҳамаҷонибаи кишварҳои узви ин сохтор таъсис шудааст.
Айни замон аъзои Шӯро Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Кишвари мо ба ин созмон соли 2019 ҳамроҳ шуд. Венгрия дар Шӯрои туркӣ мақоми нозир дорад.