Мукофоти олии давлатии кишвари бародарро ба Пешвои Ӯзбекистон Президент Реҷеп Таййип Эрдоған бо тантана супурд.

– Дар рӯзи ба имзо расидани Эъломия дар бораи амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни кишварҳоямон гирифтани чунин мукофоти олӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия барои ман ифтихори бузург аст. Ин ҷоиза рамзи равобити ҳазорсолаи бародаронаи байни халқҳои мо, муколамаи эътимодбахш дар сатҳи олӣ, инчунин муносибатҳои босуръат рушдёбандаи бисёрҷанбаи дуҷониба мебошад», — гуфт роҳбари давлатамон.

Қобили зикр аст, ки тибқи қарори президенти Ҷумҳурии Туркия бо ин ордени олӣ арбобони давлатӣ, ки дар рушди муносибатҳои дӯстона бо Туркия саҳми бузург доранд, сарфароз гардонида мешаванд.