Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид

    Ҳукумат 21 Fevral 2023 4126

    Имрӯз, 21 феврал дар қасри «Ал-Иттиҳодия»-и Қоҳира маросими тантанавии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар Ҷумҳурии Мисри Араб бо сафари расмӣ қарор дорад, баргузор гардид.

    Дар майдони назди қаср ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф орост. Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси сарвари давлати моро самимона истиқбол намуда, ба шоҳсуфа даъват намуд.

    Дар иҷрои оркестри ҳарбӣ гимнҳои давлатии ду кишвар садо доданд.

    Сипас сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

    Пас аз аксбардории муштарак музокироти дуҷониба дар сатҳи олӣ оғоз шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates