Дар майдон ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ ва отряди кирасирони савора саф ороста буданд. Дар манораи Қасри Квиринал парчамҳои Италия, Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи Аврупо бардошта шуданд.
Сарвари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла пешвоз гирифт.
Оркестри ҳарбӣ гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакатро навохт. Сардори қаровули фахрӣ ба сарвари давлатамон рапорт дод.
Президентҳо аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои вакилони расмиро истиқбол карданд.
Пас аз аксбардории муштарак мулоқоти дуҷонибаи сарони давлатҳо оғоз шуд.