Шарҳ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи авфи гурӯҳи шахсон, ки муҳлати ҷазоро адо мекунанд, аз кирдори худ сидқан пушаймон шудаанд ва қотеъона ба роҳи ислоҳ гузаштаанд»

    6 Dekabr 2024 7998

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чун тасдиқи амалии сиёсати инсонпарварона, ки аз тарафи давлат амалӣ мегардад, ба Фармон «Дар бораи авф кардани як гурӯҳ шахсоне, ки муддати ҷазоро адо мекунанд, аз кирдорашон сидқан пушаймон шудаанд ва қатъан ба роҳи ислоҳ гузаштаанд» имзо гузошт.

    Мувофиқи фармон ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар асоси банди 23 моддаи 109-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 483 нафар шахсе, ки ҳоло муддати ҷазоро мегузаронанд ва аз кирдорашон сидқан пушаймон шуда, қатъан ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, авф карда шуданд.

    Аз ашхоси авфшуда 107 нафар аз иҷрои ҷазои асосӣ пурра озод карда шуданд, 275 нафар шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод гардиданд, ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтани 7 нафар бо ҷазои сабуктар иваз карда шуданд. Инчунин, муҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати 94 нафар кам карда шуд.

    Дар байни авфшудагон 25 нафарро шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 32 нафарро занон, 5 нафарро мардони аз синни 60 боло, 274 нафарро ҷавонон (аз онҳо 104 нафар ноболиғон) ва 6 нафарро шахсоне, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнуъшуда ширкат кардаанд, ташкил мекунад.

    Дар доираи таъмини иҷрои Фармон ба вазорату идораҳои масъул оиди ба оғӯши оила ва наздиконашон баргардондани шахсони авфшуда, мусоидат дар мутобиқгардии иҷтимоӣ, ҷалб намудан ба меҳнати фоиданок, роҳандозии тарзи ҳаёти солим ва ишғоли ҷойгоҳи шоиста дар ҷамъият супориш дода шуд.