Барои меҳнати бисёрсола ва самаранок дар соҳаи геологияи кишвар, хизматҳои бузург дар рушди геологияи канданиҳои фоиданок, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иктишофӣ, ошкор намудани захираҳои минералии дорои аҳамияти стратегӣ, азхудкунии конҳои нав ва захираҳои ашёи хом бо истифода аз технологияҳои муосир, инчунин саҳми арзандаашон дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани иқтидори онҳо ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ба шахсони зерин унвон ва мукофотҳои давлатӣ дода шаванд:
Унвони фахрии «Геологи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»
Муминов Толибҷон Холёрович — геологи асосии экспедитсияи иктишофи геологии «Зирабулоқ»-и корхонаи давлатии «Навоийуран»
Эргашев Элмурод Ҳасанович — муовини раиси раёсат – геологи асосии ҷамъияти саҳомии «Ўзбек геология қидирув»
Бо ордени «Меҳнат шуҳрати»
Нуралиев Раҳмоналӣ Азимович — пармакунандаи қитъаи пармакунии экспедитсияи марказии иктишофи геологии Тошканди ҷамъияти саҳомии «Ўзбек геология қидирув»
Яллакабилов Ғулом — гидрогеологи пешбари экспедитсияи саҳроии гидрогеологии Марказӣ-Ӯзбекистони муассисаи давлатии «Ўзбекгидрогеология»
Бо ордени «Дӯстлик»
Богданов Александр Николаевич — сардори лабораторияи геологияи конҳои нефту газ ва арзёбии объектҳои ояндадори Институти геология ва иктишофи конҳои нефту газ
Шукуров Носир Эгамович — сардори лабораторияи геохимиявии Институти геология ва геофизикаи ба номи Ҳ. Абдуллаев
Бо медали «Шуҳрат»
Арипов Шаҳобиддин Пахриддинович — коршиноси Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Жӯраев Шералӣ Изатиллоевич — директори соҳаи геология ва иктишофи корхонаи давлатии «Навоийуран»
Заиров Илҳом Матазимович — ронандаи мошини боркаши вазнини филиали нақлиёти автомобилӣ ва технологии ҷамъияти саҳомии «Ўзбеккўмир»
Сайитов Ҳамза Қаҳҳорович — мошинисти булдозери экспедитсияи марказии геологии Самарқанди ҷамъияти саҳомии «Ўзбек геология қидирув»
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев