Муносибатҳои Ӯзбекистону Словения ба марҳалаи нави рушд бароварда шуданд

    Дар Қасри президентии Любляна музокироти байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Словения Наташа Пиртс Мусар дар ҳайати маҳдуд ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардиданд.

    Дар оғози мулоқот роҳбари кишвари мо ба роҳбари Словения барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки нахустин ҳамоиши сатҳи олӣ дар давоми 20 соли охир ба таърихи муносибатҳои ду кишвар ҳамчун оғози як марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид хоҳад шуд.

    Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ байни Ӯзбекистон ва Словения баррасӣ гардиданд.

    Бо қаноатмандӣ афзоиши муколамаи сиёсӣ, робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ва мулоқотҳои корӣ зикр гардид. Дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби СММ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ амалӣ мешавад.

    Тайи солҳои охир гардиши мол се маротиба афзудааст. Табодули фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар ҳоли густариш аст. Барои шаҳрвандони Словения тартиби бераводид амал мекунад.

    Бо мақсади таъмини низомнокии муносибатҳои дуҷониба, аҳамияти барқарор намудани муколамаи мунтазам дар сатҳи олӣ ва баланд таъкид гардид.

    Ба масъалаи афзоиши гардиши мол ва расонидани ҳаҷми он дар марҳалаи аввал то ба 500 миллион евро, пеш аз ҳама бо роҳи тавсеаи номгӯй ва ивазкунии воридот таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

    Сухан дар бораи содироти маҳсулоти нассоҷӣ, меваю сабзавот, нуриҳои маъданӣ, маҳсулоти мис ва дигар молҳои саноатии Ӯзбекистон ва воридоти доруҳо, технологияи пешрафта ва таҷҳизот аз Словения меравад.

    Имкониятҳои истифодаи иқтидори бандари словениии «Копер» ҳамчун хаби логистикӣ барои дастрасӣ ба бозори Иттиҳоди Аврупо мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.

    Дар бораи қабули Барномаи ҳамкориҳои саноатӣ бо ширкатҳои пешбари Словения, инчунин татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли таҷҳизоти замонавӣ, молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, локализатсияи истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ, аз ҷумла дар асоси асал ва гиёҳҳои шифобахш, сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ ва дигар самтҳо созишномаҳо ба даст оварда шуданд.

    Бо мақсади ҳамкории низомнок дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ қарор қабул шуд, ки Созишномаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккил таҳия гардад, ки барномаҳои омӯзиш ва мутобиқшавӣ аз рӯи забон, малакаҳои касбӣ ва стандартҳои меҳнатиро дар бар хоҳад гирифт.

    Самти пешомадноктарин рушди сайёҳӣ, хусусан дар манотиқи кӯҳистон ва деҳот муайян гардид. Дар соҳаи маориф ҷонибҳо дар бораи ба имзо расонидани созишномаи эътирофи мутақобилаи дипломҳо ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ бо донишгоҳҳои Любляна ва Марибор ба мувофиқа расиданд.

    Ғайр аз ин, соли оянда дар шаҳри Тошканд Форуми муштараки ҷавонони лоиҳаҳои инноватсионӣ бо иштироки донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ду кишвар баргузор мегардад.

    Ба мақсади таҳкими табодули башардӯстона ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанги мутақобила ва Ҳафтаи кинои ӯзбекӣ дар шаҳри Люблянаро ҷонибдорӣ карданд.

    Бо мақсади пешбурди ҳамаи вазифаҳои муайяншуда қарор қабул шуд, ки ҷаласаи аввалини Комиссияи байниҳукуматӣ моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Любляна баргузор гардад.

    Дар поёни мулоқот Сарвари кишвари мо Президенти Словения Наташа Пиртс Мусарро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Ӯзбекистон бо боздиди ҷавобӣ ташриф оварад.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates