Дар оғози сӯҳбат раҳбари Белорус Президент ва мардуми сермиллати Ӯзбекистонро бо 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар самимона табрик гуфт.
Дар навбати худ, сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Белорусро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, шукуфоӣ ва муваффақиятҳои бузург орзу кард.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрнақшаи Ӯзбекистону Белорус баррасӣ гардиданд. Нишондиҳандаҳои баланди динамикаи гардиши мол, намунаҳои муваффақонаи ҳамкории корхонаҳо ва ширкатҳои пешрафта, инчунин муассисаҳои таълимии ду кишвар бо қаноатмандӣ қайд шуданд.
Муҳимияти густариши ҳамкории амалӣ ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, инноватсия, мошинсозии кишоварзӣ, чорводорӣ, дорусозӣ, сектори коммуналӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳо таъкид шуд.
Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ, аз ҷумла масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоиши ИДМ таҳти раёсати ҷониби Белорус баррасӣ шуд.