Роҳбарони Ӯзбекистон ва ИМА ба сатҳи нав баровардани шарикии стратегии дуҷонибаро истиқбол карданд

    6 ноябр дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Вашингтон дар Кохи сафед мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америко Доналд Трамп баргузор шуд.

    Президенти кишварамон дар Китоби меҳмонони фахрии Кохи сафед сабт гузошт.

    Сипас дар утоқи Овалӣ музокироти роҳбарон баргузор гардида, зимни онҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои стратегии Ӯзбекистону Амрико, таҳкими муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башардӯстӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ба татбиқи амалии тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк ба даст омада буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

    Оид ба масоили муҳими рӯзномаи глобалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар формати «С5+1» мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Сарвари Ӯзбекистон Доналд Трампро бо дастовардҳои баландаш дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ сидқан табрик намуда, саҳми шахсӣ ва талошҳои ӯро дар ҳалли осоиштаи низоъҳои тезутунди байналмилалӣ ва минтақавӣ махсус қайд кард.

    Доналд Трамп натиҷаҳои пурмаҳсули мулоқоту музокиротеро, ки дирӯз миёни раҳбари Ӯзбекистон ва намояндагони ҳукумати ИМА, роҳбарони бузургтарин ширкатҳои амрикоӣ ва муассисаҳои молиявӣ баргузор шуда буданд, истиқбол намуд.

    Роҳбарон аҳамияти таъсис ва такмили механизмҳои институционалӣ барои пешбурди лоиҳаҳои муштаракро таъкид карданд.

    Дар анҷоми музокирот Сарвари кишвари мо Президенти ИМА-ро даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом диҳад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates