Раҳбарони Ӯзбекистон ва Белорус масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 13 Oktabr 2023 4218

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 октябр дар ҳошияи нишасти сарони ИДМ дар Бишкек бо Президенти Белорус Александр Лукашенко мулоқот кард.

    Масъалаҳои кунунии рӯзномаи дуҷониба баррасӣ шуданд.

    Роҳбарон рушди босуръати муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Белорусро бо қаноатмандӣ қайд карданд. Нишондиҳандаҳои гардиши моли мутақобила афзоиш ёфта, татбиқи лоиҳаҳои кооператсия дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт идома дорад. Дар соҳаи фарҳанг, кинематография ва варзиш чорабиниҳои мунтазами муштарак гузаронда мешаванд.

    Сарони давлатҳо ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла ташкили ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, Форуми минтақаҳо ва мулоқоти ректорони донишгоҳҳои бонуфузи Ӯзбекистону Белорус муҳим будани андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшударо таъкид карданд. Дар бораи ҳамкориҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Нақшаи чорабиниҳои дар пешистода низ баррасӣ шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates