Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.
Дар оғози мулоқот намояндаи баландпояи Иттиҳоди Аврупо салом ва таманниёти неки президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва раиси Шӯрои Аврупо Антониу Коштаро ба сарвари давлати мо расонд.
Бо қаноатмандии зиёд қайд гардид, ки солҳои охир динамикаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Таъкид шуд, ки барои густариши пайвастаи ин ҳамкориҳо имкониятҳо ва иқтидори бузург мавҷуданд.
Ба ин ҳамчунин имзои ҳарчи зудтари Созишномаи нави шарикии густаришёфта ва ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо мусоидат хоҳад кард.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва идоракунии об, инчунин дигар самтҳои афзалиятнок изҳор намуданд.
Ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ ва мутақобилан судманд дар соҳаи коркарди захираҳои муҳими маъданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар вохӯрӣ инчунин ҷанбаҳои ташкилу баргузории нахустин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ва Форуми иқлимӣ, ки аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
Оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ табодули афкор сурат гирифт.