Ба гуфтаи ӯ, афзоиши демографӣ метавонад муҳаррики рушди иқтисодӣ гардад, аммо тақозо мекунад, ки дар самти сарфакории энергия, нақлиёт ва идоракунии захираҳои об ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шаванд.

Роҳбари БРАО қайд кард, ки минтақа нисбат ба тағйирёбии иқлим осебпазиртарин  маҳсуб мешавад. Тибқи пешгӯӣ, то соли 2028 камбуди об метавонад аз 5 то 12 метри мукааб дар як солро ташкил диҳад. Қисми назарраси захираҳои об бинобар инфрасохтори фарсуда талаф меёбад. Бонк дар маблағгузории лоиҳаҳои навсозии низоми обёрӣ, татбиқи технологияҳои сарфакунандаи об ва рақамисозии ҳисоби об иштирок мекунад.

Подгузов омилҳои ҷуғрофиро низ таъкид кард: минтақа аз бандарҳои уқёнус беш аз 3 ҳазор километр дур аст, ки арзиши тиҷоратро 20–40% боло бурда, рушди иқтисодии солонаро то 1,5 банди фоизӣ коҳиш медиҳад. Ҳалли масъала метавонад беҳтарсозии пайванди нақлиётӣ, аз ҷумла татбиқи консепсияи Чорчӯби нақлиётии Авруосиё — шабакаи долонҳо барои кам кардани хароҷоти логистикӣ ва суръат бахшидан ба савдо бошад.

Ба арзёбии бонк, илова ба самтҳои «шарқ – ғарб», роҳҳои «шимол – ҷануб» ва инчунин долони эҳтимолии Трансафғонистон аҳамияти калон доранд, ки ба кишварҳои минтақа роҳ ба бозорҳои Ҷануби Осиё ва Халиҷи Форс мекушояд.

Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои зудрушдкунандаи ҷаҳон боқӣ мемонад. Дар соли 2026 ҳаҷми маҷмӯи иқтисоди панҷ кишвар метавонад ба 600 млрд доллар расад. Бо вуҷуди ин, рушди минбаъда бевосита ба ҳалли мушкилоти асосӣ— афзоиши аҳолӣ, пайванди нақлиётӣ ва таъминот бо захираҳои об вобаста аст.