Дар оғози сӯҳбат Президенти Олмон сарвари давлати мо ва мардуми Ӯзбекистонро бо 30 -юмин солгарди истиқлолияти кишвар самимона табрик гуфт. Дастовардҳои солҳои охир дар пешбурди дигаргуниҳои демократӣ ва гузаронидани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ махсусан қайд карда шуданд.
Дар идомаи муколамаи мунтазам дар сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Ба сатҳи кунунии муносибатҳои бисёрҷанба баҳои баланд дода шуд ва самтҳои асосии ҳамкориҳои Ӯзбекистону Олмон барои оянда муайян карда шуданд.
Ба вусъат додани тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ, лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ дар соҳаҳои технологияи баланд ва барномаҳои навсозии инфрасохтор бо иштироки ширкатҳои пешбари олмонӣ ба монанди Siemens, Bosch, Man, Claas, Knauf ва ғайра таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.
Президентҳо ба масъалаҳои омӯзиши амиқи забони немисӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвари мо таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир карданд.
Аҳду паймон намуданд, ки минбаъд низ табодули муштараки башардӯстонаро фаъолона дастгирӣ мекунанд.
Сарвари давлатамон ба Президенти Федералӣ барои кӯмаки техникиву машваратии Олмон дар мубориза бо паҳншавии инфексияи коронавирус дар ҷумҳурӣ миннатдории самимӣ изҳор кард.
Ҳамчунин оид ба рушди вазъ дар Афғонистон табодули афкор ба амал омад. Франк-Вальтер Штайнмайер бори дигар барои кӯмаки бузург дар эвакуатсияи шаҳрвандон транзитӣ тавассути Ӯзбекистон изҳори сипос кард. Муҳимияти нигоҳ доштани робитаҳои наздик барои татбиқи амалиёти муштараки башардӯстона қайд шуд. Мулоқоти телефонии Ўзбекистон ва Олмон дар рӯҳи ҳусни тафоҳум ва муҳити дӯстона гузашт.