Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Олмон баррасӣ гардида, ҷанбаҳои муҳимтарини ҳамкории минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба ҷараёни вазъият дар Афғонистон диққати махсус дода шуд. Таъкид шуд, ки авҷ гирифтани танишҳои ҳарбию сиёсӣ дар ин кишвар метавонад ба вазъи амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад.
Дар бораи ҳамоҳангсозии наздики кӯшишҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба ҳалли осоиштаи мушкилоти Афғонистон ва нигоҳ доштани машваратҳои мунтазами сиёсӣ оид ба вазъи минтақа созиш ба даст омад.
Ҳамкорӣ дар бобати масъалаҳои эвакуатсияи шаҳрвандони Олмон аз Афғонистон низ идома хоҳад ёфт.