Роҳбарони Ӯзбекистон ва Ҳиндустон масоили густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд

    12 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид.

    Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Сарвазир ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро бо фарорасии иди миллии ин кишвар — Рӯзи истиқлолият, самимона табрик намуда, барояшон сулҳ, саодат ва шукуфоиро орзу кард.

    Масоили мубрами густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Ҳиндустон ва ҳамкориҳои бисёрсамта баррасӣ шуданд.

    Бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид, ки мувофиқи тавофуқоти бадастомада, ҳамкориҳои амалӣ босуръат рушд намуда, дар сатҳҳои гуногун тамосҳои фаъол ва самарбахш идома доранд.

    Муомилоти мол аз аввали сол 60 фоиз афзуда, тақрибан 40 корхона ва лоиҳаи нави муштарак ба кор даромаданд. Портфели кунунии лоиҳаҳои пешомаднок бо ширкатҳои пешқадами Ҳиндустон ба ду миллиард доллар расидааст. Дар Ӯзбекистон ҳамчунин чор филиали донишгоҳҳои ҳиндӣ бомуваффақият фаъолият доранд.

    Роҳбарон ба пешбурд ва татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати дорусозӣ ва кимиё, иқтисоди рақамӣ, энергетика, соҳаи истихроҷ, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

    Масоили рушди хатсайрҳои муассири нақлиётӣ ва транзитӣ дар чорчӯби долони «Шимол — Ҷануб» баррасӣ шуданд.

    Зарурати баргузории самараноки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Тошканд таъкид гардид. Пешниҳод шуд, ки Рӯзҳои фарҳанг ва кинои мутақобила баргузор гардида, мубодилаҳо дар сатҳи минтақаҳо фаъол гарданд.

    Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Ҳиндустон ҳамчунин оид ба масоили рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои ояндаро дар сатҳи олӣ баррасӣ карданд.


    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates