Натиҷаҳои музокирот бо созишномаҳо мустаҳкам гардиданд

    Аз рӯи натиҷаи музокироти самарабахше, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор шуданд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Подшоҳи Подшоҳии Ҳошимии Урдун Абдулло II ибн ал-Ҳусейн Баёнияи муштаракро оид ба таҳкими муносибатҳои шарикӣ қабул намуданд.

    Дар маҷмӯъ, дар доираи ин сафар 15 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расид, аз ҷумла:

    – Созишнома оид ба истирдод;

    – Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ;

    – Созишнома оид ба таъсиси Комиссияи муштарак;

    – Созишнома дар бораи бекор кардани низоми раводид;

    – Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ;

    – Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ;

    – Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи ҳавоӣ;

    – Протокол дар бораи мубодилаи онлайни пешакии маълумот оид ба ҳаракати молу воситаҳои нақлиёт;

    – Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

    – Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз ва карантини растаниҳо;

    – Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар бахши ветеринария;

    – Ёддошти тафоҳум дар соҳаи стандартсозӣ, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат;

    – Ёддоштҳои тафоҳуми байниидоравӣ оид ба ҳамдигарфаҳмӣ дар масоили дин;

    – Нақшаи чорабиниҳои амалӣ барои татбиқи мувофиқаҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Подшоҳи Подшоҳии Ҳошимии Урдун Абдулло II ибн ал-Ҳусейн ба даст омадаанд.