Президенти Ӯзбекистон ва Президенти Муғулистон зарурати густариши ҳамкориро таъкид карданд

    Суҳбати телефонӣ байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат

    Мирзиёев ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух баргузор гардид.

    Президенти Муғулистон Сарвари давлати моро бо рӯзи мавлудаш самимона табрик намуда, барояш саломатии бардавом, хушбахтӣ, некрӯзӣ ва муваффақиятҳои калон, инчунин шукуфоии мардуми Ӯзбекистонро орзу намуд.

    Зимни суҳбат ба татбиқи амалии тавофуқҳое, ки зимни мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ ҳангоми сафари расмӣ ба Муғулистон дар моҳи июни соли ҷорӣ ба даст омадаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Зарурати татбиқи амалии «харитаи роҳ»-и қабулшуда, пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои чорводорӣ, савдо, нақлиёт, ҳамкориҳои саноатӣ, саноати истихроҷӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои дар доираи барномаи табодули фарҳангию гуманитарӣ ба нақша гирифташуда таъкид гардид.