Раҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 5 Noyabr 2021 3685

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 ноябр бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат Президенти Озарбойҷон сарвари давлатамонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентии кишвар самимона табрик гуфта, ба ӯ дар роҳи таъмини некӯаҳволӣ ва шукуфоии халқи ӯзбек комёбиҳо таманно намуд.

    Дар навбати худ, роҳбари Ӯзбекистон роҳбар ва мардуми бародари Озарбойҷонро бо ҷашни дарпешистодаи миллӣ – Рӯзи ғалаба самимона табрик намуда, сулҳу субот ва пешрафти минбаъда орзу намуд.

    Масъалаҳои мубрами таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Озарбойҷон ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба баррасӣ шуданд.

    Роҳбарон динамикаи устувори афзоиши нишондиҳандаҳои савдои мутақобила ва шумораи лоиҳаҳои муштаракро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт бо қаноатмандии амиқ қайд карданд.

    Дар соли ҷорӣ ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳо дар шаҳри Гаҷигабул, лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва кирмакпарварӣ ҳамчун мисолҳои бомуваффақияти ҳамкорӣ оварда шуданд.

    Намоишгоҳи миллии саноати Ӯзбекистон моҳи оянда дар Боку баргузор мешавад. Тайёрӣ ба ҷаласаҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон идома дорад.

    Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла, барқарор намудани ҳаракати ҳавоӣ байни пойтахтҳо баррасӣ шуданд.

    Аҳамияти баргузории мунтазами чорабиниҳои муштараки фарҳангию башардӯстона дар қаламрави Ӯзбекистон ва Озарбойҷон таъкид гардид.

    Президентҳо бинобар ҷанбаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла оид ба рӯзномаи ҳамоиши ояндаи Шӯрои туркӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҷадвали вохӯриҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates