Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ дар татбиқи тавофуқномаҳое, ки дар натиҷаи мулоқотҳои сарони кишварҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, пешравии назаррас қайд карда шуд.
Аввали моҳи август ҷамъомади навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷаласаи якуми вазирони корҳои хориҷӣ, савдо ва нақлиёти Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Туркия пурсамар баргузор гардид.
Савдои байниҳамдигарӣ имсол 70 фоиз афзуд. Татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, кирмакпарварӣ ва саноати нассоҷӣ, мошинсозӣ, кимиё ва дигар соҳаҳо оғоз гардид. Кор барои ҳарчи зудтар ба кор андохтани фонди сармоягузории Ӯзбекистону Озарбойҷон идома дорад. Мубодилаи маданию гуманитарӣ вусъат меёбад.
Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки ҳамкории амалӣ минбаъд низ инкишоф дода шавад. Дар ин замина аҳамияти баргузории Анҷумани минтақаҳо ва намоишгоҳи иқтидори саноатии ду кишвар дар тирамоҳи соли ҷорӣ таъкид гардид.
Инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷадвал ва рӯзномаи мулоқотҳои дарпешистодаи бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамоишҳои дарпешистодаи Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои туркӣ дар Самарқанд баррасӣ шуданд.
Суҳбати телефонии Президентҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар фазои анъанавии кушод, гарм ва дӯстона сурат гирифт.