Президентҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон нахустин ҷамъомади Шӯрои олии байнидавлатиро баргузор карданд

    Дар қароргоҳи «Кӯксарой» Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар таркиби маҳдуд ҷамъомади нахустини Шӯрои олии байнидавлатиро баргузор намуданд.

    Масъалаҳои амиқсозии минбаъда ва густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд.

    Сарвари давлатамон алоҳида таъкид намуд, ки сафари имрӯзаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон воқеаи таърихӣ мебошад.

    – Имрӯз мо Шартнома дар бораи муносибатҳои иттифоқиро имзо мекунем. Дар тӯли чанд сол мо муваффақ шудем муносибатҳои Ӯзбекистону Озарбойҷонро ба сатҳи баландтарини ҳамкориҳои байнидавлатӣ бардорем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Баргузории нахустин ҷамъомади Шӯрои олии байнидавлатӣ, ки механизми муассири пешбурди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва ғанӣ гардондани онро бо мазмуни мушаххас тақозо менамояд, ҳамчунин бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Роҳбарон рушди босуръати робитаҳои дуҷонибаро қайд карданд. Байни парлумонҳо, ҳукуматҳо, идораҳои соҳавӣ ва минтақаҳо равобити зич ба роҳ монда шудаанд. Ҷамъомадҳои Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон мунтазам баргузор шуда, форуму намоишгоҳҳо, чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузаронда мешаванд. Ҳамкории байни доираҳои тиҷоратӣ вусъат меёбад.

    Дар чаҳорчӯби барномаи тиҷоратӣ мулоқоти Президентҳо бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи ду кишвар баргузор гардида, ба лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ оғоз бахшида мешавад.

    Таъкид гардид, ки соли оянда ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон 30 сол пур мешавад.

    Ба мақсади васеъ ҷашн гирифтани ин санаи фархунда Сарвари давлатамон пешниҳод намуд, ки Барномаи чорабиниҳо ва Ҷадвали солонаи равобит ва мубодилаи пуршиддати байниидоравӣ таҳия карда шавад.

    Ба ғайр аз ин, бобати Соли кооператсияи иқтисодии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон эълон намудани соли оянда ва қабули Барномаи маҷмӯгӣ бо фарогирии 20 самти афзалиятнок мувофиқа ҳосил шуд.

    Оид ба чандин баробар зиёд кардани ҳаҷми муомилоти мол ва гузаштан ба марҳилаи нави кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар кишварҳои сеюм вазифаҳо гузошта шуданд.

    Ҷонибҳо натиҷаҳои форуми як рӯз пеш баргузоршударо бо мамнуният қайд карданд: портфели лоиҳаҳои истиқболнок ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар ташаккул ёфт. Сухан дар бораи кооператсия дар соҳаи энергетика, кимиё, маъдани кӯҳӣ, саноати бофандагӣ, кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва дигар соҳаҳо меравад.

    Дар ин ҷанба фаъолияти пурсамари ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Озарбойҷон ҳамчун воситаи дастгирии чунин лоиҳаҳо қайд гардид.

    Зарурати мустаҳкам намудани пайвастагии ду кишвар ба воситаи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва дигари инфрасохторӣ, аз он ҷумла дар шакли бисёрҷониба зикр гардид.

    Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки басомади парвозҳоро зиёд кунанд, расмиёти ҳамлу нақли заминӣ ва ҳавоиро то ҳаддӣ имкон содда созанд ва ҳалли рақамиро ҷорӣ намоянд.

    Аҳамияти пурзӯр намудани равобити байниминтақавӣ қайд гардид. Дар бораи қабули Нақшаи кооператсияи байниминтақавӣ барои соли 2025, Барномаи шарикӣ оид ба рушди иқтидори саноатӣ ва инфрасохтори минтақаҳои ду кишвар ва баргузории Форуми навбатии минтақаҳо дар шаҳри Қӯқанд таъкид гардид.

    Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки табодули фаъолро дар соҳаҳои фарҳангу санъат, маориф, тандурӯстӣ, сиёсати ҷавонон ва иттилоот, варзиш идома диҳанд.

    Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо қарори Президентҳо ба арбобони маъруфи фарҳанг Фаррух Зокиров ва Пӯлод Булбул ӯғлӣ унвонҳои, Ҳунарпешаи мардумӣ-и кишварҳои мо дода шуданд.

    Сарвари давлатамон пешниҳод кард, ки механизми вохӯриҳои мунтазами ректорони донишгоҳҳои бонуфузи ду кишвар, инчунин баргузории медиафоруми муштарак роҳандозӣ шавад.

    Инчунин дурнамои сохтмони маҷмӯъҳои сайёҳиву соҳибкорӣ дар пойтахтҳои мо бо мақсади зиёд гардондани шумораи сайёҳон, табодули башардӯстӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ шуд.

    Аҳамияти дастгирии иттилоотиву таҳлилӣ барои рушди муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои таҳлили амиқ ва ифшои зарфиятҳои ҳамкорӣ таъкид гардид.

    Сарони давлатҳо инчунин доир ба рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои идома додани муколамаи пуршиддат ва дастгирии мутақобиларо дар доираи сохторҳои бисёрҷониба баррасӣ карданд.

    Дар ҷамъбасти ҷамъомад қарор карда шуд, ки барои сари вақт ва босифат татбиқ намудани созишномаҳои ҳосилшуда «харитаи роҳ» қабул карда шавад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates