баннер
23 Apr 2025
23:41

    Раҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон натиҷаҳои музокироти самаранокро ҷамъбаст карданд

    Дар мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори омма Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф андешаҳои худро дар бораи музокироти баргузоршуда баён карданд.

    Дар оғози суханронии худ роҳбари давлати мо натиҷаҳои самарабахши мулоқотҳоро махсус қайд намуда, таъкид кард, ки ин сафари таърихӣ дар ҳамкории стратегии Ӯзбекистон ва Покистон саҳифаи навро мекушояд.

    Президенти Ӯзбекистон ба рушди босуръати ҳамкории дуҷониба дар солҳои охир баҳои баланд дод. Ҳаҷми гардиши мол беш аз 400 миллион долларро ташкил дода, 130 корхонаи муштарак таъсис ёфтааст, дар шаҳрҳои Карачи ва Тошканд хонаҳои савдо ифтитоҳ гардидаанд. Парвозҳои ҳавоӣ байни Тошканд ва Лоҳур аз нав барқарор шуданд.

    Комиссияи байниҳукуматӣ самаранок фаъолият намуда, машваратҳои сиёсӣ, чорабиниҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳи саноатии Ӯзбекистон бобарор гузаштанд.

    – Дар ин рӯзҳо дар пойтахти мо ҳайати пурқуввати ширкатҳои пешбари Покистон ҳузур доранд. Имрӯз мо бо соҳибкорон мулоқоти алоҳида анҷом дода, нақшаҳои муштаракро баррасӣ мекунем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Зикр гардид, ки дар музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо нуқтаҳои нави рушдро дар ҳамкории гуногунҷанба муайян намуда, ба мувофиқа омаданд, ки Шӯрои олии шарикии стратегӣ таъсис диҳанд.

    Дар меҳвари муҳокимаҳо масъалаҳои зиёд кардани ҳаҷм ва васеъ кардани номгӯи тиҷорати дуҷониба, тақвияти ҳамкориҳои саноатӣ, рушди алоқаҳои нақлиётӣ, дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат қарор доштанд.

    Ҳамчунин зарурати пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои фармасевтика, бахши кишоварзӣ, сохтмони техникаи кишоварзӣ, геология ва захираҳои минералӣ, саноати нассоҷӣ, чармгарӣ ва дигар бахшҳо бо содироти маҳсулоти тайёр ба бозорҳои сеюм таъкид шуд.

    Роҳбарон мувофиқа карданд, ки тамосҳои зич ва дастгирии мутақобиларо дар чорчӯби сохторҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигарон идома медиҳанд.

    Наздик будани мавқеъҳо оид ба рушди осоиштаи Афғонистон ва ҳалли дипломатии масъалаи Фаластин тасдиқ шуданд.

    Илова бар ин, ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои муосир изҳор доштанд.

    Дар ҷараёни музокирот инчунин ба рушди табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҷонибҳо оид ба баргузории фестивалҳои фарҳанг ва ҳунар, афзоиши ҷараёнҳои сайёҳӣ, аз ҷумла дар чорчӯби барномаи «Умра плюс» тавофуқ намуданд.

    Дар хотима таъкид шуд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва босифати тавофуқҳо ва созишномаҳои бадастомада ҳукуматҳои ҳарду кишвар «харитаи роҳ»-и ҳамаҷониба қабул хоҳанд кард.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech