Дар ин мулоқот маҷмӯи пурраи масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Покистон баррасӣ гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Президенти кишвари мо барои қабули гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Сарварони кишварҳо бо қаноатмандии амиқ рушди динамикии ҳамкории бисёрҷонибаро дар солҳои охир зикр намуданд.
Тамосҳои фаъоли сиёсӣ, мубодилаҳои пурсамари байнипарлумонӣ ва байниидоравӣ идома доранд.
Соли 2024 ҳаҷми гардиши мол бештар аз 400 миллион долларро ташкил дод, шумораи корхонаҳои муштарак ба 130 расид. Дар Карачӣ ва Тошканд хонаҳои савдо кушода шуданд. Парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Тошканд ва Лоҳур аз нав ба роҳ монда шуданд.
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳи миллии саноати Ӯзбекистон бо натиҷаҳои мусбат баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Зарурати андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда барои расонидани ҳаҷми гардиши мол ба 2 миллиард доллар дар асоси «харитаи роҳ»-и қабулшуда таъкид гардид.
Ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа васеъ намудани номенклатураи молҳо дар доираи Созишномаи тиҷорати преференсиалӣ, соддагардонии мутақобилаи талаботи фитосанитарӣ ва карантинӣ, тартиботи гумрукӣ, наздиксозии стандартҳо, ҳамгироии платформаҳои электронии тиҷоратӣ, таъмини дастрасӣ ба низоми харид, такмили механизмҳои ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ ва дигар масъалаҳо муайян карда шуданд.
Нақшаҳои ширкатҳои пешсаф оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарматсевтика, электротехника, кишоварзӣ, мошинсозии кишоварзӣ, геология ва захираҳои маъданӣ, саноати бофандагӣ, чарм ва дигар бахшҳо баррасӣ гардиданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни минтақаҳо сарвари кишвари мо пешниҳод кард, ки Форуми минтақавии ду кишвар дар Ӯзбекистон баргузор карда шавад.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон инчунин ба масъалаи таҳкими робитаҳои нақлиётӣ ва истифодаи потенсиали транзитӣ диққати махсус доданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар чанд соли охир ҳаҷми боркашонӣ тавассути долони мултимодалии «Ӯзбекистон – Афғонистон – Покистон» панҷ маротиба афзоиш ёфтааст. Бо мақсади боз ҳам зиёд кардани ҳаҷми гардиши мол, тарафҳо оид ба таъсиси ширкати муштараки нақлиётӣ-логистикӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин аҳамияти ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак барои пешбурди амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Трансафғонӣ таъкид гардид.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Лоҳур баргузор карда шавад.
Ҷонибҳо муҳим будани густариши минбаъдаи мубодилаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳиро таъкид карданд. Дар ин замина, мувофиқа гардид, ки Ҳафтаҳои фарҳангии мутақобила ва муаррифии барномаҳои сайёҳӣ баргузор карда шаванд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Муҳим будани идомаи дастгирии мутақобила дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Ҳаракати кишварҳои бетараф, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои бисёрҷониба таъкид гардид.
Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Покистон зарурати муттаҳидсозии талошҳоро дар мубориза бо терроризм, радикализм, исломҳаросӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти муосир таъкид карданд.
Бо мақсади таҳияи самтҳои нави ҳамкории ҳамаҷониба, мувофиқа гардид, ки Шӯрои олии шарикии стратегӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи аввали он дар соли оянда баргузор гардад.
Дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ қарор қабул шуд, ки оид ба татбиқи саривақтии созишномаҳои ҳосилшуда ва қарордодҳои имзошуда «харитаи роҳ»-и муштарак таҳия ва тасдиқ карда шавад.












