Роҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамдигарро табрик намуданд

    Ҳукумат 31 Avgust 2022 7205

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 31 август бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Роҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ин рӯзҳо ба муносибати ҷашнҳои миллии истиқлолият, ки имрӯзҳо таҷлил мегарданд, ба якдигар табрикоти самимӣ расонида, ба халқҳои бародар сулҳ, шукуфоӣ ва фараҳмандӣ орзу намуданд.

    Бо қаноатмандии хоса таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Қирғизистон, рушди босуръати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар қайд гардид.

    Аз аввали сол ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ 30 фоиз афзуд. Мубодилаҳои фаъоли байниминтақавӣ идома доранд, лоиҳаҳои муштараки кооператсияи саноатӣ амалӣ мегарданд, робитаҳои нақлиётӣ густариш меёбанд. Чорабиниҳои муҳими фарҳангию башардӯстона баргузор мешаванд.

    Зимни суҳбат оид ба баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ тавофуқ ҳосил шуд.

    Таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика, аз ҷумла сохтмони НБО Қамбарота-1 нигаронда шуд.

    Сарони давлатҳои мо ҳамчунин масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва рӯзномаи нишасти дарпешистодаи СҲШ Самарқандро муҳокима намуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates