Президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон бинобар масоили кунунии ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд

    24 июл Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат Президенти Қирғизистон сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, сулҳу субот, шукуфоӣ ва рушди устувори Ӯзбекистонро таманно намуд.

    Масъалаҳои мубрами амиқсозии минбаъда ва густариши муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ўзбекистон ва Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Аҳамияти иҷрои саривақтӣ ва босифати маҷмӯи тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии ба қарибии Президенти Қирғизистон ба Ӯзбекистон, аз он ҷумла дар асоси "харитаи роҳ"-и муштарак ҳосил шуда буданд, таъкид гардид.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates