Сарвари давлати мо дар иртибот ба талафоти ҷонӣ дар натиҷаи обхезии миқёси бузург дар қаламрави Қазоқистон ба раҳбар ва мардуми бародари Қазоқистон таслият ва суханони пуштибонӣ баён кард.
Таъкид гардид, ки чунин офатҳои табиӣ оқибатҳои тағйирёбии манфии иқлим мебошанд, ки вақтҳои охир дар минтақаи мо мушоҳида мешаванд.
Дар бораи давом додани ҳамкории зичи ҳамкорӣ дар ин самт созиш ҳосил гардид.
Президентҳои ду кишвар масъалаҳои кунунии тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқиро дар заминаи татбиқи тавофуқномаҳое, ки дар мулоқоти ахири корӣ дар шаҳри Хива ба даст омадаанд, баррасӣ карданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва ҷадвали баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд баррасӣ шуданд.