Ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ миёни корхонаҳои пешбари ду кишвар, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, мошинсозӣ, саноати кимиё, саноати сохтмон, нақлиёт ва логистика эътибори алоҳида дода шуд.
Вобаста ба ин, робитаҳои мунтазами судманд дар сатҳи ҳукумат, ки ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва барномаҳои фарҳангию гуманитарӣ мутобиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ нигаронида шудаанд, мусбат арзёбӣ гардид.
Сарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҳамчунин доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар карданд.
Суҳбати телефонӣ дар муҳити анъанавии дӯстӣ ва боварӣ сурат гирифт.