Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 24 Iyul 2021 3249

    24 июл Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасым-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

    Президенти Қазоқистон пешвои кишварамонро бо зодрӯзаш табрик гуфт ва ба халқи бародари ӯзбек самимона некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу кард.

    Сарони давлатҳо аҳамияти вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, қабл аз ҳама, бо лоиҳаҳо ва барномаҳои нави мушаххаси ҳамкориҳои амалӣ ғанӣ гардондани онро қайд карданд.

    Инчунин ҷадвал ва масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои ояндаи дуҷониба ва бисёрҷониба дар сатҳи олӣ, аз ҷумла Мулоқоти машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар аввали моҳи август дар Туркманистон баррасӣ гардиданд.

    Ба натиҷаҳои самарабахши Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба рушди ҳамбастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баҳои баланд дода шуд. Оид ба вазъи Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates