Президентҳои Ўзбекистон ва Қазоқистон мулоқоти телефонӣ анҷом доданд

    Ҳукумат 10 Yanvar 2022 3886

    10 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом доданд.

    Сарони давлатҳо доир ба масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва чорабиниҳои муштараки дарпешистода табодули афкор намуданд.

    Президент Тоқаев дар бораи вазъи кунунӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва чораҳое, ки ҳукумат оиди ба эътидол овардани вазъ дар кишвар меандешад, маълумот дод.

    Раҳбари Ӯзбекистон бори дигар ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно кард.

    Тарафҳо ба зудтар барқарор гардидани сулҳу субот дар сарзамини бародарии Қазоқистон изҳори боварӣ карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates