Сарони давлатҳо дурнамои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Қазоқистонро муфассал баррасӣ карданд. Ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши мутақобилаи мол, татбиқи лоиҳаҳои муштараки кооператсия, ҳамкорӣ дар соҳаи транзит ва логистика, энергетика, об ва кишоварзӣ таваҷҷӯҳи афзалиятнок дода шуданд. Чораҳои вусъат додани табодули байниминтақавӣ ва фарҳангию башардӯстона баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамкории сохторҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Президенти мамлакати мо таъкид кард, ки Ӯзбекистон ба муносибатҳои махсусан гарми бародаронаи халқҳои мо баҳои баланд медиҳад.
- Имруз мо қарори таърихӣ қабул мекунем ва хамкории худро ба дараҷаи муносибатҳои иттифоқӣ мерасонем. Мо азм дорем, ки дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек, эътимоди мутақобила ва шарикии ҳамаҷонибаро боз ҳам таҳким бахшем. Мо барои ин аз тамоми имконияту захираҳо истифода мебарем. Мақсади мо ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ду кишвари бародарро бо мазмуни мушаххас ғанӣ гардондан аст, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарони ду кишвар бо мақсади таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ нияти таъсиси Шӯрои олии байнидавлатӣ, Шӯрои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро изҳор намуданд.
Дар рафти гуфтушунид «нуқтаҳои нави рушд», афзалиятҳои асосӣ ва вазифаҳои мақсадноки ҳамкориҳои дуҷониба муайян карда шуданд.
Барои хеле васеъ намудани номгӯ ва ҳаҷми ба ҳамдигар фиристодани маҳсулоти серталаб бо роҳи иваз намудани воридот аз мамлакатҳои сеюм имкониятҳои калон мавҷуданд. Инро афзоиши динамикии ҳаҷми савдои мутақобила дар соли ҷорӣ тасдиқ мекунад. Интизор меравад ин нишондиҳанда ба ҳадди рекордии 4 миллиард доллар расонда шавад.
Зимнан зикр гардид, ки барои дар панҷ соли оянда ба даҳ миллиард доллар расондани ин нишондиҳанда тамоми имконот мавҷуд аст. Ба ин мақсадҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки "Харитаи роҳ"-ро қабул карда, марказҳои кӯтарафурӯшиву тақсимотӣ ва агрокластерҳои муштаракро ривоҷ диҳанд. Ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро тавассути таъсиси корхонаҳои нави муштарак дар бахшҳои мухталифи иқтисод таъкид карданд. Самтҳои афзалиятнок аз ҷумла чунин соҳаҳо, ба мисли ҷалби сармоя, кооператсияи саноатӣ, комплекси агросаноатӣ, нақлиёту логистика, энергетика, дорусозӣ, саноати сохтмон муайян гардиданд.
Оид ба татбиқи лоиҳаҳои дақиқи кооператсияи саноатӣ созишҳо ба даст оварда шуданд. Дар соҳаҳои мошинасозӣ, энергетика, электротехника, химия, бофандагӣ ва дигар соҳаҳои саноат аллакай мисолҳои бомуваффақияти ин гуна ҳамкориҳо мавҷуданд. Дар сохтмон, кишоварзӣ, дорусозӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок лоиҳаҳои нави калон дар пешанд.
Аз ҷумла, бинобар ҷамъбасти чорабиниҳои корчаллонии ба қарибӣ баргузоргардида банди лоиҳаҳои пешомадноки сармоягузорӣ ба маблағи беш аз ду миллиард доллар тайёр карда шуд.
Барои такони иловагӣ додан ба ин саъю кӯшишҳо Маркази байналмилалии кооператсияи саноатӣ таъсис дода мешавад.
Робитаҳои байниминтақавӣ ба омили афзояндаи ҳамкориҳо табдил меёбанд. Ҳамин тариқ, аз руи натиҷаҳои Форуми минтақаҳои ба қарибӣ барпогардида як қатор созишномаҳо ва шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.
Ба сарони вилоятҳои наздимарзии ду кишвар дастур дода шуд, ки дар масъалаҳои интиқоли маҳсулот ва таҳияи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ боз ҳам зичтар ҳамкорӣ кунанд.
Соҳаи нақлиёт ҳамчун соҳаи муҳим муайян шудааст. Ҳаҷми боркашонии автомобилӣ ва роҳи оҳан меафзояд. Ҳаракати ҳавоии байни мамлакатҳо пурра барқарор гардид, самтҳои нав кушода шуданд.
Президенти Ӯзбекистон аҳамияти бунёди хатсайрҳои наверо, ки ба бозорҳои ҳамдигар ва кишварҳои сеюм роҳ медиҳанд, таъкид кард. Роҳбарон ба тезондани лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳан ва автомобилгарди “Учқудуқ—Қизилурда”, инчунин роҳи оҳани баландсуръати “Туркистон — Чимкент — Тошканд” розӣ шуданд.
Ба масъалаҳои оқилона истифода бурдан аз захираҳои об низ дахл карда шуд. Бо ин мақсад мо ба мувофиқа расида шуд, ки механизмҳои устувори дарозмуддати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таҳия намуда, кори Гурӯҳи кории муштарак оид ба таҳияи пешниҳодҳо дар тамоми самтҳои муносибатҳои обӣ байни ду кишвар идома дода шавад. Зарурати андешидани тадбирҳои амалии муштарак оид ба босуръат ҷорӣ намудани технологияҳои навтарини сарфаҷӯии об, амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак оид ба шинондани ҷангал дар назди Арал қайд карда шуд.
Ҷонибҳо нияти ҳамкории зичро дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, пешбурди манфиатҳои мутақобила ва ғояҳои наздикшавии минтақавӣ ба манзури таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ изҳор намуданд. Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои такмили формати Мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафмандона ба мақсади то ҳадди аксар ба кор бурдани нерӯи онҳо бо эҳтироми қатъӣ ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳои иштирокдор саъй кунанд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои густариши табодули башардӯстона, ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва санъат, сайёҳӣ ва варзиш баррасӣ шуданд.
Президенти Қазоқистон қайд кард, ки дар Нур-Султон муҷассамаи Алишер Навоӣ, ки рамзи умумияти маънавӣ ва дӯстии чандинасраи халқҳои мо мебошад, гузошта мешавад.