Президентҳои Ўзбекистон ва Қазоқистон мулоқоти телефонӣ анҷом доданд

    Ҳукумат 16 Mart 2022 3022

    16 март Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарони ду кишвар масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказиро муфассал баррасӣ карданд.

    Ба идомаи ҳамкории зич ва ҳамоҳангсозии самарабахши талошҳо ҷиҳати ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Муҳимияти фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини динамикаи рушди тиҷорати дуҷониба, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ дар саноат, энергетика, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ, нақлиёт ва логистика, инчунин фаъолона баргузории чорабиниҳои муштарак дар доираи барномаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ таъкид шуд.

    Дар фарҷоми сӯҳбати телефонӣ сарони давлатҳо ба муносибати фарорасии ҷашни баҳор – Наврӯз табрикоти самимӣ гуфта, ба ду халқи бародар сулҳ, осоиш ва шукуфоӣ орзу намуданд.

    Суҳбат дар вазъияти анъанавии ошкоро ва дӯстона гузашт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates