Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар чаҳорчӯби чорабиниҳои сатҳи олӣ дар шаҳри бостонии Хива масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Бо фаъолияти комбинати «Хива гиламлари» ва намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон шинос шуданд.
Роҳбарон аз ёдгориҳои таърихии маҷмааи Ичан-қалъа ва қасри Нуруллабой дар Хива дидан карданд.
Сарвари давлатамон дар фурудгоҳи байналмилалии Урганч меҳмони олиқадрро гусел кард. Сипас Президенти кишварамон ба Тошканд рафт.