Истеҳсоли нуриҳои минералии комплексӣ ва фосфордор, бунёди маркази логистикӣ дар вилояти Тошканд, бунёди инфрастрасохтори манзилӣ ва тиҷоратӣ дар Тошканд, истеҳсоли мошинҳои сабукрав дар Кустанай ва истеҳсоли техникаи маишӣ дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон аз ҷумлаи онҳост.
Президентҳо ба ин лоиҳаҳо оғоз бахшида, изҳори боварӣ намуданд, ки ин лоиҳаҳои муҳим на танҳо барои вусъати ҳаҷми савдои мутақобила, балки ба кор даровардани иқтидорҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҳама муҳимаш, созмон додани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ хидмат мекунанд.