Раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 6 Mart 2023 5534

    6 март Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба табодули афкор сурат гирифт.

    Масъалаҳои нигоҳ доштани динамикаи афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт бо иштироки ширкату корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар баррасӣ шуданд.

    Ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, фаъол гардонидани табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

    Сарони давлатҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates