Роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия масоили мубрами ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 11 Aprel 2023 3810

    Дар рафти суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки 11 апрел баргузор гардид, тадбирҳои афзалиятноки таъмини динамикаи гардиши мол ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

    Ба масъалаи истифодаи самараноки майдончаи намоишгоҳи байналмилалии саноатии “Иннопром”, ки охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, барои мусоидат ба ҳамкориҳои амалӣ дар сатҳи тиҷорат ва минтақаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

    Ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯби барномаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Сарони Ӯзбекистон ва Русия ҷадвали чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дарпешистодаро низ баррасӣ карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates