Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои иҷрои созишномаҳоро дар сатҳи олӣ баррасӣ карданд

    Ҳукумат 29 Noyabr 2023 3249

    29 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Масъалаҳои кунунии рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла татбиқи амалии тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари сатҳи олӣ ба Федератсияи Русия аз 5-7 октябри соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуданд.

    Сарони ду кишвар бо қаноатмандӣ таҳкими пайвастаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия, инчунин вусъат додани хамкории бисёртарафаро қайд карданд.

    Динамикаи афзоиши нишондиҳандаҳои гардиши моли мутақобила идома ёфта, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ гардида, робитаҳои судманди байниминтақавӣ инкишоф меёбанд. Ба қарибӣ дар вилояти Ҷиззах комплекси калони муштараки агрологистикӣ ба кор даромад.

    Сарони Ӯзбкистон ва Русия ҳамчунин аз табодули фаъоли фарҳангӣ-гуманитарӣ ва барномаҳои дар бахши тандурустӣ амалишаванда истиқбол карданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates