Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Ҳалима Ёқуб ба Хиёбони меҳмонони фахрӣ арча шинонданд.
Маросим рамзи оғози давраи нави муносибатҳои Ӯзбекистону Сингапур ва дӯстии рӯзафзуни халқҳои мамлакатҳои мо гардид.
Дар поёни нишасти Ӯзбекистону Сингапур дар қароргоҳи “Кӯксарой” маросими ниҳолшинонӣ баргузор шуд.
Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Ҳалима Ёқуб ба Хиёбони меҳмонони фахрӣ арча шинонданд.
Маросим рамзи оғози давраи нави муносибатҳои Ӯзбекистону Сингапур ва дӯстии рӯзафзуни халқҳои мамлакатҳои мо гардид.
5 ноябр дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Вашингтон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи худ ҳамраиси Кокуси Осиёи Марказӣ дар Сенати ИМА, сенатор Стив Дэйнсро ба ҳузур пазируфт.
5 ноябр дар доираи барномаи сафар дар шаҳри Вашингтон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи худ бо аъзои Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Билл Ҳайзенга, Кэрол Миллер ва Сидни Камлагер-Дав мулоқот намуд.
24 октябр дар шаҳри Брюссел бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен маросими тантанавии имзои Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
20 октябр Президент Шавкат Мирзиёев аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуда, бо корҳои ба муаррифии васеи мероси ғании таърихиву маънавии халқи мо тавассути экспозитсияҳои ин ҷо равонашуда шинос шуд.



