Президентҳои Ӯзбекистон ва Словакия масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегиро муҳокима карданд

    30 октябр дар шаҳри Самарқанд дар доираи сессияи 43-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Словакия Петер Пеллегрини мулоқот карданд.

    Ҷанбаҳои муҳими густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳамкориии бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Словакия баррасӣ шуданд.

    Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муколамаҳои дуҷониба дар тамоми сатҳҳо бо суръати хуб идома доранд ва ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок таҳким меёбанд.

    Соли ҷорӣ машваратҳои сиёсӣ ва ҷамъомади аввалини Комиссияи байниҳукуматӣ бо муваффақият баргузор шуд. Муносибатҳои тиҷоратӣ фаъол гардид. Шумораи корхонаҳои муштарак се баробар афзуд.

    Масоили афзоиши ҳаҷми савдо ва сармоягузорӣ, инчунин густариши лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ дар бахшҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

    Аз рӯйи афзунсозии содироти маҳсулоти нассоҷӣ, чарм, мева ва сабзавот аз Ӯзбекистон ва воридоти каучук, қисмҳои эҳтиётии автомобил, маҳсулоти дорусозӣ ва дигар маҳсулоти саноатии Словакия тавофуқ ҳосил шуд. Бо ин мақсад баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти миллӣ ва ифтитоҳи хонаҳои савдо дар назар аст.

    Ба рушди рақамигардонӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    Пешниҳод гардид, ки барои татбиқи системаҳои пешрафтаи назорати амнияти киберӣ дар бонкҳо ва пайгирии интиқоли борҳо маркази муштарак таъсис дода шавад.

    Тарафи Словакия омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобил, маҳсулоти тайёри ширӣ ва соҳаҳои дигар изҳор намуд.

    Дурнамои тақвияти фаъол кардани табодули гуманитарӣ ва таълимӣ баррасӣ гардиданд. Пешниҳод шуд, ки соли 2026 дар шаҳри Братислава форуми аввалини ректорони ду кишвар баргузор шавад, намоишгоҳҳои сайёҳӣ ва Рӯзҳои сайёҳии мутақобила ташкил гарданд. Ба масъалаи роҳандозии муҳоҷирати меҳнатии танзимшуда низ таваққуф намуданд.

    Доир ба дастгирии мутақобил дар майдонҳои бисёрҷониба, инчунин, масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates