Ӯзбекистон ва Словения саъй доранд ҳамкории технологӣ ва саноатиро густариш диҳанд

    Дар доираи барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Словения Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири ин кишвар Роберт Голоб мулоқот анҷом дод.

    Дар меҳвари гуфтугӯҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Словения ва ҳамкориҳои амалии дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ қарор доштанд.

    Ба натиҷаҳои судманди музокироти сатҳи олӣ, ки имрӯз баргузор гардиданд, баҳои баланд дода шуд.

    Зарурати фаъолсозии ҳамкории муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва кооператсия таъкид гардид. Гуфта шуд, ки форуми соҳибкорӣ, ки дар доираи ин сафар ба нақша гирифта шудааст, барои барқарорсозии робитаҳои нав ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак минбари самараноке хоҳад буд.

    Чораҳо оид ба расондани ҳаҷми гардиши мол ба 500 миллион евро бо роҳи афзоиши интиқоли мутақобилаи маҳсулоти серталаб баррасӣ гардиданд. Низоми сабукиҳои «GSP+» ва созишномаи имзошуда дар соҳаи стандартсозӣ низ рушди тиҷоратро тақвият хоҳанд дод.

    Нақшаи рушди ҳамкории саноатӣ бо таваҷҷуҳ ба навсозии технологӣ таҳия хоҳад шуд. Дар ин замина, ниятҳои ширкатҳои пешрафтаи словенӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар Ӯзбекистон дар бахшҳои электроника, асбобсозӣ, фармасевтика, энергетикаи сабз ва кишоварзии "ақлманд" дастгирӣ ёфтанд.

    Барои ҷойгиркунии чунин истеҳсолот минтақаи махсуси саноатии таҳти идораи «Inpark»-и Аврупоӣ, ки дар кишвари мо таъсис дода мешавад, пешниҳод гардид.

    Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории системавӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ оид ба таъсиси гурӯҳи доимии коршиносон ва таҳияи заминаи меъёриву ҳуқуқии зарурӣ созиш ҳосил шуд.

    Ҳамчунин, қарор шуд, ки имкониятҳои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни ду кишвар ва истифодаи инфрасохтори бандари Копер барои баромади молҳои Ӯзбекистон ба бозори ИА якҷоя омӯхта шаванд.

    Мавзӯи ҷудогонаи музокирот масъалаҳои густариши мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона буд. Таҷрибаи Словения дар рушди сайёҳии экологӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои кӯҳӣ ва деҳотӣ, таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб кард.

    Муҳимияти рушди барномаҳои муштараки таълимӣ, аз ҷумла ташкил намудани Форуми ҷавонони инноватсионӣ дар шаҳри Тошканд зикр шуд. Ҳамчунин, соли оянда Рӯзҳои фарҳанги мутақобила ва Ҳафтаи кинои ӯзбек дар шаҳри Любляна баргузор хоҳанд шуд.

    Бо мақсади пешбурди амалии самтҳои зикршудаи ҳамкорӣ, мувофиқа шуд, ки аввалин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ моҳи июли соли равон дар шаҳри Любляна баргузор гардад.

    Ғайр аз ин, барои татбиқи саривақтӣ ва босифати мувофиқаҳои ҳосилшуда ва созишномаҳои имзошуда, ҳукуматҳои ду кишвар “харитаи роҳ”-и ҳамаҷонибаро қабул хоҳанд кард.

    Дар анҷом сарвари давлати мо Сарвазири Словения Роберт Голобро даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом диҳад.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates