Дар оғози суҳбат роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо қаноатмандии амиқ натиҷаҳои таърихии мулоқоти сеҷонибаи сатҳи олиро, ки 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, таъкид карданд.
Зикр гардид, ки танзими пурраи масъалаҳои марзӣ марҳилаи наверо дар рушди ҳамкории минтақавӣ мекушояд.
Масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ба масъалаи татбиқи амалии созишномаҳои сатҳи олӣ таваҷҷуҳи хос дода шуд.
Ҳамчунин, зарурати таҳияи чораҳои мушаххас оид ба афзоиши гардиши мол ва тезонидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар ҷараёни ҷамъомади ояндаи Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар ҳамин моҳ баргузор мегардад, таъкид гардид.
Роҳбарон масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, инчунин омодагиҳо ба чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро муҳокима карданд.