Пешвоёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

    Ҳукумат 5 Oktabr 2021 3570

    5 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст.

    Роҳбари давлатамон Пешвои Тоҷикистонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ саломатӣ, фараҳмандӣ ва муваффақияти нав, ба мардуми бародари тоҷик бошад, сулҳ ва шукуфоиро таманно намуд.

    Дастовардҳои Тоҷикистони имрӯз дар соҳаи сохтмони давлатӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, нуфузи рӯзафзуни мамлакат дар арсаи байналхалқӣ махсус таъкид гардид.

    Натиҷаҳои босамари раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли ҷорӣ ва бомуваффақият баргузор намудани ҳамоиши ҷашнии ин ниҳоди бисёрҷониба дар шаҳри Душанбе моҳи гузашта олӣ арзёбӣ гардид.

    Президентҳо бо қаноатмандии том мустаҳкам гардидани муносибати дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегиро қайд намуданд.

    Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва кӯшиши муштарак ҳамкории бисёрҷанбаи байни мамлакатҳоямон ба дараҷаи сифатан нав баромада, бо муҳтавои дақиқ такмил ёфт.

    Равобит ва табодулҳо муттасил идома ёфта, ҳаҷми савдои ҷонибҳо босубот меафзояд, лоиҳаҳои муҳими кооператсия дар мошинсозӣ, энергетика, соҳаи электротехника, сектори истихроҷӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғайра татбиқ мегарданд.

    Шарикӣ дар сатҳи минтақаҳо ва доираҳои корчаллон тавсеа меёбад.

    Робитаҳои маданиву гуманитарӣ фаъол гардиданд. Ҳафтаи гузашта дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии кинои Тошканд Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардид. Ғайр аз он омода намудани лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои санъат, тандурустӣ ва таълим идома доранд.

    Пешвоён аҳамияти татбиқи пурвусъати муоҳида ва шартномаҳои қабулгардидаро таъкид карда, идома додани алоқаи зич ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар доираи комиссияи муштараки байниҳукуматӣ супориш доданд.

    Зимни суҳбат доир ба мавзӯъҳои муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, дар робита бо вазъияти бавуқӯъомада дар Афғонистони ҳамсоя табодули афкор ба амал омад.

    Инчунин ҷадвали вохӯрӣ ва чорабиниҳо дар дараҷаи баланд баррасӣ гардиданд.

    Суҳбати телефонии президентҳои мамлакатҳоямон дар руҳи анъанавии гарму дӯстона ва муҳити корӣ ба вуқӯъ пайваст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates