Дар оғози суҳбат сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳамдигар саломатии мустаҳкам, шукуфоиву комёбиҳо ва барои халқҳои бародари мо сулҳу оромӣ ва фаровонӣ таманно намуданд.
Ба масъалаҳои татбиқи созишнома ва тавофуқҳо, ки дар сатҳи олӣ қабул шудаанд, диққати махсус дода шуданд.
Аҳамияти идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ, дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, барномаҳои табодули фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байниминтақавӣ қайд гардид.
Масъалаҳои омодагӣ ба мулоқоти сеҷониба, ки охири моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва нишастҳо дар формати «Осиёи Марказӣ плюс», ки моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ дар мамлакатамон доир хоҳанд шуд, баррасӣ гардиданд.