Дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро роҳбари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари давлатӣ дар кишвари мо қарор дорад, истиқбол гирифт.
Маросими тантанавии истиқбол баргузор гардид. Ба ифтихори меҳмони олиқадр сурудҳо ва рақсу таронаҳои миллӣ иҷро карда шуданд.
Имрӯз сарварони давлатҳо аз мавзеъҳои таърихии Бухорои бостонӣ дидан мекунанд. Ҳамчунин шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ низ дар назар дошта шудааст.