Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 20 Sentabr 2022 3694

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 сентябр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

    Сарони ду кишвар масоили марбут ба ҳаводиси фоҷиабори ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Сарвари давлатамон дар робита ба талафоти ҷонӣ ҳамдардии амиқ баён кард. Созишномаҳое, ки дар бораи муътадил гардондани вазъият ҳосил шудаанд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд.

    Доир ба натиҷаҳои асосии ҷамъбасти нишасти Самарқанди Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти дуҷониба, ки дар доираи он баргузор шуд, табодули афкор сурат гирифт.

    Аҳамияти иҷрои зудтари қарорҳои дар ҷараёни чорабиниҳои сатҳи олӣ қабулшуда, пеш аз ҳама оид ба тезондани омодагӣ ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид гардид.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates