Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстию ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба қабули чораҳои ҳамоҳангшуда барои афзоиши савдои мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои авлавиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Аҳамияти идомаи мубодилаи фаъол ва судманди фарҳангию инсонпарварона ва робитаҳои байниминтақавӣ таъкид гардид.
Инчунин оид ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор ба амал омад.









