Сарвари Туркия роҳбари давлати моро бо баргузории бомуваффақияти раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ самимона муборакбод намуд, ба халқи бародари Ӯзбекистон аз таҳти дил фаровонхолӣ, пешрафт ва шукуфоӣ орзу кард.
Дар ҷараёни суҳбат муҳимияти ҳарчи зудтар татбиқ сохтани лоиҳаҳои бартариноки сармоявӣ дар мамлакати мо бо иштироки ширкатҳои машҳури Туркия таъкид шуд.
Масъалаҳои тайёрӣ ба ҷамъомади навбатии Шӯрои ҳамкории стратегӣ муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми гуфтушунид роҳбари Ӯзбекистон ба сарвари Туркия дар интихоботи президентӣ, ки мобайни моҳи майи соли равон баргузор хоҳад шуд, комёбиҳо орзу кард.